Ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба робита бо ОММТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 23 то 26 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ) дар ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии нерӯи атомӣ (ОМНТ) ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба робита баргузор намуд. Ҳадафи чорабинӣ густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА
Намояндагони беш аз 30 кишвари узви Аврупо ва Осиёи Марказӣ бевосита дар ҷаласа ширкат варзиданд ва зиёда аз 35 кишвари узви ОМНТ ба таври виртуалӣ ба он ҳамроҳ шуданд. Ин ҷаласа бори аввал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Сипас, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Илҳом Мирсаидзода зикр намуд, ки дар ҷаласаи мазкур мутахассисони лоиҳаҳои марбут ба безараргардонии партовҳои конҳои уран, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, соҳаи тандурустӣ масъалаҳои марбут ба таҷҳизонидани марказҳои таҳқиқоти саратон бо таҷҳизоти муосир барои пешгирии бемориҳои саратонӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи радионуклидҳо ва технологияи радиатсионӣ барои муайян кардани синни пиряхҳоро, инчунин лоиҳаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ баррасӣ менамоянд.
«Ҷаласаи солонаи ҳамоҳангсозони миллӣ ба такмил ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории техникии ОМНТ бахшида шуда, ҳамчун минбари муҳим барои ҳамкорӣ ва мубодилаи идеяҳо миёни кишварҳои узве, ки дар татбиқи барномаҳои ҳамкории техникии ОМНТ таҷрибаи пешсаф доранд, хизмат мекунад», — зикр кард директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар суханронии худ.
Такид гардид, ки баргузории ин ҷаласа ба намояндагони кишварҳои узви Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, то самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷорӣ, роҳҳои навовариёнаи ҳалли мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, ҳамкории техникиро дар масъалаҳои муҳим бо мақсади истифодаи илм ва технологияҳои ҳастаӣ барои ҳадафҳои осоишта арзёбӣ намоянд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо иштирокчиён бо ҳам табодули афкор намуданд ва барномаҳои ҳамкории техникии ОМНТ, инчунин мутобиқати онҳо ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро муҳокима карданд.
Натиҷаҳои ин вохӯрӣ барои ташаккули стратегияҳо, сиёсат ва ташаббусҳои оянда, ки ба рушди осоишта ва устувори кишварҳои узв, аз ҷумла кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути истифодаи илму технологияи ҳастаӣ мусоидат мекунанд, муфид хоҳанд буд.